* Дар руқя шартҳо ва огоҳиҳое вуҷуд дорад, ки руқяхон онҳоро бояд риъоят кунад.
Ва онҳо:
1- Инки руқя саҳеҳ ва аз Қуръону Суннат бошад, ва дур аз ширку бидъат ва муҳаррамот дар алфоз ва равиши хонданаш бошад.
2- Инки мусулмон таваккал ба Парвардигор кунад ва бидонад, ки руқя сабабе аст ва таъсире надорад магар бо иҷозати Худованд.
3- Инки барои таҷриба кардан руқя нахонад, Балки ба таъсир ва фоидаи руқя имон доштан воҷиб аст. Пас лозим аст, ки руқяхонанда ва касеро ки руқя мехонад, ҳарду ба таъсир ва шифои ёфтани бо руқяро имон дошта бошанд.
4- Ҳама оятҳои Қуръони карим шифо аст, Худованд мефармояд: (Ва аз Қуръон он чи дармони [ширку куфр] ва раҳмате барои муъминон аст, нозил мекунем). Аммо оятҳое ки руқя буданашон ворид шудааст, онҳоро дар руқя хондан авлотар аст.
5- Барои мариз беҳтар он аст, ки худаш худашро руқя хонад, зеро ин зиёдтар ба нафъӣ ӯ аст, ва ӯ беҳтар эҳтиёҷашро ба Худованд изҳор карда метавонад. Зеро ҳузури дил ва ихлоси ният дар руқя таъсири худро дорад.