Инки лафзи дуоро такрор ба такрор бигуяд ва аз Худованд бо зорию хоксорӣ ва бо исрор талаб кунад.
Дар ҳадиси Абдуллоҳ ибни Аббос (Худованд аз онҳо розӣ бод) дар дуои Паёмбар барои Саҳобагонаш дар ғазваи Бадр омадааст, ки гуфт: "Эй Аллоҳ! Ончи бароям ваъда додаи, бароям анҷом бидеҳ, Эй Аллоҳ! Ончи бароям ваъда додаи бароям биёр ... " Ва ҳамчунон Худовандро нидо мекард, то инки ридояш аз китфонаш афтод, Дар ин ҳангом Абубакр (Худованд аз ӯ розӣ бод) ҳамроҳаш истода буд ва мегуфт: "Эй Паёмбари Худо! дуо ва дархост аз Парвардигорат басанда аст, Худованд ба ваъдааш вафо хоҳад кард". Ривояти Муслим (1763)
Инчунин ҳадисе ки дар саҳеҳ Бухорӣ ва саҳеҳ Муслим омадааст, Дар ҳадиси Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ҳангоме ки Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) дар ҳақи қабилаи Давс дуо мекард чунин гуфт: "Бор Илоҳо! (Қабилаи) Давсро ҳидоят кун ва бар Ислом мушарраф гардон, Бор Илоҳо! (Қабилаи) Давсро ҳидоят кун ва бар Ислом мушарраф гардон".