5
Бо гумони нек ва яқин дар иҷобати дуо Худовандро дуо кунад, дар қабули дуо шитоб накунад, Балки яқин дошта бошад, ки Худованд дуояшро қабул мекунад.
Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) гуфт: "Дуои бандаи муъмин ҳамчунон пазируфта мешавад, то замоне ки барои анҷом додани гуноҳ ё қатъи пайванди хешованди дуо нанамояд ва инчунин шитоб нанамояд" Шахсе гуфт: Эй Паёмбари Худо! Шитоб кардан бо кадом маъно аст, Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) фармуданд: Шитоб кардан ба ин маъно, ки мегӯяд: Ман бисёр дуо кардам, ман бисёр дуо кардам, вале надидам, ки Худованд дуоямро қабул кунад, Пас дар ин ҳолат ноумед мешавад ва дуо карданро тарк мекунад".