4

Инки дуояшро бо ҳамду сано бар Худованд, ва дуруду салом бар Паёмбар шуруъ кунад.

Дар ҳадиси Фазола ибни Убайд (Худованд аз ӯ розӣ бод) саҳобии Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) омадааст, ки мегӯяд: Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) мардеро шунид, ки дуо мекард, ва дар дуояш ҳамду сано бар Худованд ва дуруду салом бар Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) нагуфт. Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) гуфт: "Ин мард шитоб намуд" Сипас ӯро ба наздаш фаро хонд ва ба ӯ – ё ба дигаре - гуфт: "Вақте яке аз шумо дуо мекунад, бо сипосу ситоиш ва шукри Парвардигораш шуруъ кунад, сипас бар Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) салавот бифиристад, сипас ҳар дуое бихоҳад дуо кунад".

Пас агар бо ҳамду ситоиш бар Худованд шуруъ кунад ва хусусан оятҳои сано ва ситоиш, ки дар аввали сураҳо омадааст ва дар саҳифаҳои оянда онҳоро зикр мекунем, Сипас дуруд ва салом бар Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) бифиристад. Баъд аз он бо ҳамду саноҳои гуногун, ки онҳоро дар саҳифаҳои оянда зикр мекунем, Худовандро ситоиш намояд, ингуна дуо ба иҷобат ва қабул наздиктар мебошад.

4/10