3

Ҳарду дастро бардошта дуо кардан.

Ҳадиси Абдуллоҳ ибни Аббос (Худованд аз онҳо розӣ бод) далолат бар ин ду суннат (Рӯй ба тарафи қибла кардан. Дастонро бардошта дуо кардан.) мекунад.

Абдуллоҳ ибни Аббос (Худованд аз онҳо розӣ бод) гуфт: Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бод) бароям гуфт: Рӯзи Бадр (ғазваи Бадр) Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) ба сӯи мушрикон нигоҳ кард - дар ҳоле ки онҳо ҳазор (1000) нафар буданд ва саҳобагони Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) се саду нуздаҳ (319) нафар буданд – Паёмбари Худо (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) рӯй ба сӯи қибла кард ва дастонашро бардошта Парвардигорашро нидо кард: "Эй Аллоҳ! Ончи бароям ваъда додаи, бароям анҷом бидеҳ, Эй Аллоҳ! Ончи бароям ваъда додаи бароям биёр ... "

3/10