Бо таҳорат будани дуокунанда, чигунае ки барои намоз таҳорат мекунад, зеро дар ҳадиси Абу Мусо (Худованд аз ӯ розӣ бод), дар саҳеҳ Бухорӣ ва саҳеҳ Муслим ва қиссаи аммаи Абу Омир омадааст:
Абу Омир (Худованд аз ӯ розӣ бод) ба Абу Мусо (Худованд аз ӯ розӣ бод) тавсия дод, ки аз Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) хоҳиш кунад ки дар ҳаққаш дуо кунад, Пас Абу Мусо (Худованд аз ӯ розӣ бод) Паёмбарро (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) хабар кард, Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод) талаб кард, барояш об биёранд ва бо он таҳорат кард ва баъд аз он дастонашро бардошт ва гуфт: "Эй Аллоҳ! Убайд, Абу Омирро мағфират кун". – то инки сафедии бағалҳояшро дидам – баъд аз он гуфт: " Эй Аллоҳ (Мартабаи ) ӯро дар рӯзи қиёмат бар бисёре аз махлуқонат боло бигардон, ё аз мардум"