Ҳамду сипос мар Парвардигори ҷаҳонрост, ва дурӯду салом бар Паёмбари Худо ва бар ҳама аҳли хонадону асҳобаш бод.
Ин китоби хубе аст, ки дуоҳои ҷомеъ ва пурраеро дар бар гирифтааст. (Сано ва ситоиши Худованд, Дуоҳои Қуръонӣ, Дуоҳои Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод), Истиъозаҳои Паёмбар (Дурӯду саломи Аллоҳ бар Ӯ бод), Руқяи шаръӣ, Ва Зикрҳои субҳу шом), Инчунин одоби дуоро ҳам дар бар гирифтааст. Кушиш кардам, ки дуоҳои саҳеҳ ва дурустро ихтиёр кунам, то инки мусулмон бо дуоҳои саҳеҳ, ки хайру хубии зиёдеро дар бар гирифтааст ва сарчашмааш аз китоб ва суннат аст, дуо кунад.
Ва ҳамаи дуоҳоро бо забони арабӣ ва тарҷумаашро бо забони тоҷикӣ ва тарзи нутқи онро навиштам. Ва дар охири китоб тасҳиҳи ҳадисҳои дуоро зикр кардам.
Ва аз Худованд умед дорам, ки ин амалро холис барои худаш гардонад ва дурӯду салом бар Паёмбарамон Муҳаммад ва бар ҳама аҳли хонадону асҳобаш бод.
Д. Абдуллоҳ ибн Ҳумуд Ал-Фурайҳ